Арасту
Аз Википедиа
Арасту (юнонии қадим: Αριστοτέλης — аристотолис), (384 то мелод, шаҳри Стагири Фракия 322 то мелод Халқидаи Эвбея), муҳақиқ ва мутафаккири Юнони Қадим. Падараш Никумоҷис (Никомах) олим ва табиби машҳур буд. Шогирди Афлотун , муддати 20 сол аъзои Академияи Афлотун буд ва бо қобилияти фавқулодааш аз ҳамаи донишмандони он ҷо бартарӣ пайдо намуд.