Куруши кабир
Аз Википедиа
Куруши кабир (Хатти ниёгон: کورش کبیر) (соли таваллуд номаълум - вафот 530 то милод) асосгузор ва шоҳи (558 - 530) сулолаи Ҳахоманишиён. Соли 558 то милод чун сарвари қабилаҳои форс бар зидди шоҳи Мод Астиаг қиём кард. Соли 550 то милод Модро фатҳ намуда, шоҳи онро асир гирифт. Аз он дам шӯҳрати Эрон зиёд шуд. Сипас Куруш Порт, Лидия, давлатҳои хурди Осиёи Миёна ва ғайраҳоро забт намуд. Пас аз фатҳҳои зиёд Куруш ба давлати массагетҳо лашкар мекашад, вале дар ҷангҳои шадид аз дасти маликаи массагетҳо - Томирис кушта мешавад.