Ҷоизаи Нобел
Аз Википедиа
Ҷоизаи Нобел (шведӣ Nobelpriset, англисӣ: Nobel Prize) — яке аз бонуфузтарин ҷоизаи байналхалқӣ мебошад, ки ҳар сол барои тадқиқотҳои барҷастаи илмӣ, ихтирокориҳои революсионӣ ва саҳми бузург дар фарҳанг ва рушди ҷомеа дода мешавад.
Мувофиқи меросномаи Алфред Нобел таъсис ёфтааст, ки соли 1895 навишта шудааст ва маблағҳо барои ҷоизаҳо дар соҳаҳои:
- адабиёт
- физика
- кимиё
- физиология ва тиб
- пойдории сулҳ дар тамоми ҷаҳон
ҷудо карда шудаанд.
Ҳоло андозаи ҷоизаи Нобел 10 млн кронаи шведӣ (қариб 1,05 млн евро ё 1,5 млн $ доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.