Web Analytics Made Easy - Statcounter

See also ebooksgratis.com: no banners, no cookies, totally FREE.

CLASSICISTRANIERI HOME PAGE - YOUTUBE CHANNEL
Privacy Policy Cookie Policy Terms and Conditions
Султон Валад - Википедиа

Султон Валад

Аз Википедиа

Султон Валад - Исми пурраи ӯ Баҳоуддин Муҳаммад Валад буда, бо номи Султон Валад машҳур аст. Вай дар соли 623 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1226 мелодӣ дар хонаводаи шоири мутасаввиф ва файласуфи машҳури тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ба дунё омадааст. Маълумоти пурраро дар назди падари хеш гирифта, пас аз касби камол ба ҷои падар шайхи силсилаи мавлавия гардид.

Ба қалами Султони Валад девони ашъор, маснавии ”Валаднома” (1299-1302) ва рисолаи “Маорифнома” мансубанд. ”Валаднома”, ки сужети ягона надорад, дорои 25 ҳазор байт буда, аз се қисм- “Ибтидонома”, «Рубобнома” ва ”Интиҳонома” иборат аст. Дар он вазъҳои Султони Валад оид ба масоили тасаввуфу ирфон дарҷ шудаанд.

Дар қисмҳои 1 ва 3-и “Валаднома” 235 байт ба забони туркӣ (“Ашьори салчуқӣ”) мавҷуданд, ки сароғози назми туркӣ ба шумор мераванд. (с.таълиф 1301). Дар ”Валаднома” байтҳо ба забони юнонӣ ҳам вомехӯранд, ки Султони Валад онҳоро барои шиносонидани юнониён бо таълимоти тасаввуфии худ навиштааст.

Вобаста ба ҳусну қубҳи ғазалиёти Султон Валад гуфтан ҷоиз аст, ки ашъори ӯ дар пайравӣ бар ғазалиёти Мавлоно гуфта шуда, асосан ҳолатҳои рӯҳонӣ ва вазъи дарунии шоир дар онҳо инъикос шудаанд.

Аз зиндагинома ва рӯзгори Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ, яъне падари Султон Валад маълум аст, ки шоир бо Шамси Табрезӣ ном орифи ҳақҷӯ дӯстӣ ва пайванде дошт. Чун Мавлоно пас аз бархӯрд бо ин дарвеши ориф аз тадриси мадраса ва сӯҳбати дӯстони пешин даст мекашад, ёрони кӯҳан дар дил ҳасуд мепарваранд ва салоҳи корро дар нобудии Шамси Табрезӣ мебинанд. Хуллас, яке Шамс ба гумномӣ мепайвандад ва Мавлоноро ба фироқи ҳамешагии хеш гирифтор месозад. Ҳеҷ касе, ҳатто Мавлоно дигарбора ӯро наметавонанд дарёфт бикунанд.

Овозаҳо паҳн мегардад, ки Шамс аз дасти ҳасудон ва нотавонбинон кушта шудаву дар ин амал дасти фарзанди Мавлоно низ ҳаст. Аммо ин овозаро худи Султон Валад дар «Валаднома» қатъиян инкор мекунад ва бӯҳтон медонад.

Вафоти Султон Валадро соли 712 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1312 мелодӣ қайд кардаанд.


[вироиш] Аз ғазалиёт

Эй ошиқон, эй ошиқон, девонам, девонам,
Майҳои хумми ишқро паймонаам, паймонаам.
Дар синаам рузу шабон мастиву шӯр асту фиғон,
Гӯӣ, ки дар кӯйи ҷаҳон майхонаам, майхонаам.
Ҳастам зи сар то по назар, чун ақли куллам кул хабар,
Ганҷи дилам гарчӣ ба танвайронаам, вайронаам.
Дар бандагӣ шоҳӣ бубин, Юнус дар ин моҳӣ бубин,
Шамъам, ки шуд хуршеду маҳ, парвонаам, парвонаам.
Аз ишқ чун Маҷнун шавад, ҷарқа миёни хун шавад,
Ҳар оқиле, к-ӯ бишнавад афсонаам, афсонаам.
Гар гавҳаре дорӣ, биё дар баҳри ҷон кун ошно
К-аз гайри баҳру мавҷи дил бегонаам, бегонаам.
Гӯяд Валад: Эй мардумон, ҳастам бурун аз ду ҷаҳон,
Гарчи ба сурат андар ин кошонаам, кошонаам.
Ошиқӣ чист? Бигӯ: бедилу беҷон будан,
Гарди он маҳ чу фалак доимӣ гардон будан.
Дурдии дурд кашидан зи кафи соқии ишқ,
Рӯзу шаб бехуру бехоб дар афғон будан.
Ошиқӣ нест шудан бошад аз ҳастии худ,
Ҳамчу шамъ аз шарари шӯълагудозон будан.
Ошиқӣ банд гусистан буваду ворастан,
З-ин замин рафтану хуш бар сари кайвон будан.
Ба ҷуз аз ишқ ҳама чиз Адам донистан,
Бо ғамии ишқ ҳамеша хушу шодон будан.
Ишқ дардест, ки ҳам дард бувад довари ӯ,
Бо чунин дард нашояд пайи дармон будан.
Сифати ишқ ҳама шӯру шару хунрезист,
Фитнаангезиву вайронии дӯкон будан.
Бо чунин ашки чу борону фиғонҳои чу раъд
Натавон як нафасе хурраму хандон будан.
Ақл чун қатра бувад ишқ чу баҳри Уммон,
Хунук он қатра, ки дорад сари Уммон будан.
Чӣ кунад дил, ки туаш ҳеҷ қароре надиҳӣ?
Чӣ кунад ҷон зи барат, чунки каноре надиҳӣ?
Карам аз даст чу шуд, гир зи зулфат дастам,
Кори ман ишқи ту бас, гарчи ту коре надиҳӣ
Ин раво бошад, к-аз гулшани рухсор маро
В-аз ҳама боғи ҷамолат ҷуз хоре надиҳӣ?
Аз майи ишки ту сармаст будам, махмурам,
Қадаҳе з-он лаби майгун ба хуморе надиҳӣ.
Дилфигорам, санамо, аз ғами ҳиҷрон пайи васл
Як дам аз лутфу карам дил ба фигоре надиҳӣ.
Ошиқу зортар аз ман ба ҷаҳон нест касе,
Ваъдаи хуш ба чунин ошиқи зоре надиҳӣ.
Валадат гӯяд ҳар дам, ки: «Худо ёри ту бод»,
Гарчӣ васлат ба чу ман зору низоре надиҳӣ.


aa - ab - af - ak - als - am - an - ang - ar - arc - as - ast - av - ay - az - ba - bar - bat_smg - bcl - be - be_x_old - bg - bh - bi - bm - bn - bo - bpy - br - bs - bug - bxr - ca - cbk_zam - cdo - ce - ceb - ch - cho - chr - chy - co - cr - crh - cs - csb - cu - cv - cy - da - de - diq - dsb - dv - dz - ee - el - eml - en - eo - es - et - eu - ext - fa - ff - fi - fiu_vro - fj - fo - fr - frp - fur - fy - ga - gan - gd - gl - glk - gn - got - gu - gv - ha - hak - haw - he - hi - hif - ho - hr - hsb - ht - hu - hy - hz - ia - id - ie - ig - ii - ik - ilo - io - is - it - iu - ja - jbo - jv - ka - kaa - kab - kg - ki - kj - kk - kl - km - kn - ko - kr - ks - ksh - ku - kv - kw - ky - la - lad - lb - lbe - lg - li - lij - lmo - ln - lo - lt - lv - map_bms - mdf - mg - mh - mi - mk - ml - mn - mo - mr - mt - mus - my - myv - mzn - na - nah - nap - nds - nds_nl - ne - new - ng - nl - nn - no - nov - nrm - nv - ny - oc - om - or - os - pa - pag - pam - pap - pdc - pi - pih - pl - pms - ps - pt - qu - quality - rm - rmy - rn - ro - roa_rup - roa_tara - ru - rw - sa - sah - sc - scn - sco - sd - se - sg - sh - si - simple - sk - sl - sm - sn - so - sr - srn - ss - st - stq - su - sv - sw - szl - ta - te - tet - tg - th - ti - tk - tl - tlh - tn - to - tpi - tr - ts - tt - tum - tw - ty - udm - ug - uk - ur - uz - ve - vec - vi - vls - vo - wa - war - wo - wuu - xal - xh - yi - yo - za - zea - zh - zh_classical - zh_min_nan - zh_yue - zu -