Web Analytics Made Easy - Statcounter

See also ebooksgratis.com: no banners, no cookies, totally FREE.

CLASSICISTRANIERI HOME PAGE - YOUTUBE CHANNEL
Privacy Policy Cookie Policy Terms and Conditions
Ноҳияи Файзобод - Википедиа

Ноҳияи Файзобод

Аз Википедиа


Файзобод
Герб города
Вилоят: Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ
Замони таъсис: {{{Замони таъсис}}}
Шаҳр с: Файзобод
Координатаҳо: ?? с.ш.; ?? в.д.
Иқлим: мӯътадил
Масоҳат (га): 874,11 км²
Тӯлкаши (км): ??
Дарози (км): ?
Аҳолӣ, ҳазор нафар: наздики 80 ҳазор
Коди телефонӣ: +380 3135
Нишонаи почта: 735413
Вақт: UTC +5

Ноҳияи Файзобод, аслан таърихи қадима дорад. Ва ин аз тарафи муарифону бостоншиносони ҷаҳон тасдиқ шудаст. Ноҳияи Файзобод аз ҷумлаи қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон ба шумор меравад. Аввалин сарчашмаҳои аз шаҳри Вишгард ёдовар мешавад, ин дар китоби қадиму хештан шиноси «Авесто» мебошад. Ноҳияи Файзобод аслан таърихи сеҳазорсола дорад. Ва ин аз тарафи муарифону бостоншиносони ҷаҳон тасдиқ шудаст.

[вироиш] Мафҳуми Файзобод

Мафҳуми Файзобод аз ду чузъи мустақилмаъно иборат буда қисмати аввал «Файз» ба маънои фаровони ва баракат омада аст. Қисмати дуюм бошад, «Обод» аз боигари ин маҳал далолат мекунад. То нимаи дуюми асри 15 ин шаҳр бо номи «Вишгард» ёдрас шудааст, дигар аз тақдири ояндаи он сарчашмаҳо чизе намегуянд . Дар соли 1904 Некия А.П доир ба пайдоиши ин ном аз муйсафеди ҳафтодсола ҳикояте овардааст. Номи Файзобод аз руи харбузаҳои ниҳоят ширинаш гирифта шудааст, гуё ин номро дигар мардумони ба Файзобод омадашуда дода бошанд.

[вироиш] Таърихи нав

Таърихи навини Файзобод аз 14 июни соли 1931 оғози худро меёбад, ки аз якчанд ҷамоатхо иборат буд. Дар қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон аз 14 июни соли 1931 таҳти №32 ки бо имзои Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва котиби Кумитаи Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон А Зинатшоев ба тасвиб расида аст. Аз ноҳияи Янгибозор ноҳияи нави Файзобод дар ҳайати ҷамоатҳои зерин ташкил карда шавад: Гумбулоқ, Хуҷамард, Дубеда, Диишоҳ, Шолипая, Норак, Чакали, Меҳроҷи ва қисми деҳаҳои ҷамоати Якабед (аз рӯи салоҳдиди кумитаҳои иҷроияи Файзобод ва Янгибозор. Маркази ноҳияи Файзобод деҳаи Дарагиён муқарар карда шавад.

Моҳи январи соли 1963 ноҳияи Файзобод ба ноҳияи Орҷеникзеобод ҳоло ноҳияи Ваҳдат аз нав ҳамроҳ карда мешавад. Моҳи январи соли 1969 ҳамчун ноҳияи мустақил ташкил ёфта, то имруз арзи вуҷуд дорад. Маркази маъмурии он дар ҷои деҳаи собиқ Дарагиён муқарар гардида , ба номи Файзобод дода мешавад.

Бинои Ҳукумат
Бинои Ҳукумат

Бо қарори маҷлиси Миллии маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 май, 2000 сол ба он мақоми Шаҳрак дода шуд. Маркази маъмурии ноҳияи шаҳраки Файзобод аз шаҳри Душанбе дар масофаи 50 км ҷойгир аст. Масохати умуми ноҳия 874,11 км мураббаъ мебошад. Ноҳия аз шарқ бо марзи ноҳияи Роғун, аз ҷануб бо шаҳри Норак аз ғарбу шимол бо ноҳияи Ваҳдат ҳамсарҳад мебошад. Ноҳия бо 8 маҳалли марзиву маъмурӣ: ҷамоатҳои деҳоти Бустон, Меҳробод, Вашгирд, Файзобод, Ҷавонон, Қалъаи Дашт, Мискинобод ва шаҳраки Файзобод тақсим мешавад.

Мақбараи Хоҷа Ҳотами Асами
Мақбараи Хоҷа Ҳотами Асами

Соли 2001 70-солагии таъсисёбии ноҳияи Файзобод бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Мардуми Файзобод бо ҳунармандии худ дар тамоми мамлакат шуҳрат доранд. Намудҳои ҳунарманди кулолгарӣ, чубкорӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, гулдузӣ ва ғайраҳо мардум шуғл меварзанд.

Файз хезад доимо аз хоки Файзободи ман
Файзи Файзобод бошад хонаи ободи ман!



[вироиш] Headline text

бо забонҳои дигар


aa - ab - af - ak - als - am - an - ang - ar - arc - as - ast - av - ay - az - ba - bar - bat_smg - bcl - be - be_x_old - bg - bh - bi - bm - bn - bo - bpy - br - bs - bug - bxr - ca - cbk_zam - cdo - ce - ceb - ch - cho - chr - chy - co - cr - crh - cs - csb - cu - cv - cy - da - de - diq - dsb - dv - dz - ee - el - eml - en - eo - es - et - eu - ext - fa - ff - fi - fiu_vro - fj - fo - fr - frp - fur - fy - ga - gan - gd - gl - glk - gn - got - gu - gv - ha - hak - haw - he - hi - hif - ho - hr - hsb - ht - hu - hy - hz - ia - id - ie - ig - ii - ik - ilo - io - is - it - iu - ja - jbo - jv - ka - kaa - kab - kg - ki - kj - kk - kl - km - kn - ko - kr - ks - ksh - ku - kv - kw - ky - la - lad - lb - lbe - lg - li - lij - lmo - ln - lo - lt - lv - map_bms - mdf - mg - mh - mi - mk - ml - mn - mo - mr - mt - mus - my - myv - mzn - na - nah - nap - nds - nds_nl - ne - new - ng - nl - nn - no - nov - nrm - nv - ny - oc - om - or - os - pa - pag - pam - pap - pdc - pi - pih - pl - pms - ps - pt - qu - quality - rm - rmy - rn - ro - roa_rup - roa_tara - ru - rw - sa - sah - sc - scn - sco - sd - se - sg - sh - si - simple - sk - sl - sm - sn - so - sr - srn - ss - st - stq - su - sv - sw - szl - ta - te - tet - tg - th - ti - tk - tl - tlh - tn - to - tpi - tr - ts - tt - tum - tw - ty - udm - ug - uk - ur - uz - ve - vec - vi - vls - vo - wa - war - wo - wuu - xal - xh - yi - yo - za - zea - zh - zh_classical - zh_min_nan - zh_yue - zu -