Web Analytics Made Easy - Statcounter

See also ebooksgratis.com: no banners, no cookies, totally FREE.

CLASSICISTRANIERI HOME PAGE - YOUTUBE CHANNEL
Privacy Policy Cookie Policy Terms and Conditions
Мирзо Турсунзода - Википедиа

Мирзо Турсунзода

Аз Википедиа


Мирзо Турсунзода
Зодаи 1911
Вафот кард 1977

Мирзо Турсунзода (1911 - 1977) -- Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир, арбоби ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон.

[вироиш] Тарҷумаи ҳол

Мирзо Турсунзода соли 1911 дар деҳаи хушманзараи водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш, усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин води буд. Бо вуҷуди ин зиндагонии аҳли оилаи у қашоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки Мирзо соҳиби хату савод шавад. Мирзои хурдсол чанде дар назди муллои деҳа таҳсил кард. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябри Кабир, ба рӯи мардуми камбағал дари бахту саодат ва илму маърифат кушод. Дере нагузашта дар Қаратоғ мактаби нави Советӣ ташкил ёфт ва Мирзо аз ҷумлаи аввалин талабагони он гардид. Дар солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом медиҳад. Дар солҳои 1926-1927 дар Донишгоҳи педогогӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода дар солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошкент хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар аст, бинобар ин беҳтарин сахифҳои эҷодӣ ба Ватан ва мардумони он бахшида шудаанд. Хизматҳои Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири пешқадами замон бо мукофотҳои Давлатӣ ва Ленинӣ қадр карда шудаанд. Ӯ сазовори унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гардидааст. Соли 2001 барои хизматҳои адабӣ, ҷамъиятӣ ва давлатиаш ба ӯ унвони қаҳрамони халқи Тоҷикистон дода шуд. ЮНЕСКО қарор қабул кард, ки 90-солагии устоди назм Мирзо Турсунзода дар Тоҷикистон ва дар тамоми дунё чашн карда мешавад.

[вироиш] Ҷони ширин

Ҷони ширин ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун.
Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Боз дар наздат ба парвоза омдам,
Ҳар куҷо, ки хоб кардам, хестам,
Ҳар куҷо, ки буд ҷои зистам,
Ин дили ман манзили ёду ту буд,
Ёди руи ҳуснободи ту буд.
Бе ту нагзашт аз гулӯям об ҳам,
Бе ту дар чашмам наёмад хоб ҳам.
Бе ту ҳар як рӯзи ман як сол шуд,
Бе ту дил гашт кард, чун атфол шуд.
Бе ту дилам гарчӣ зебо духтарон,
Бе ту бишнидам суруди ошиқон,
Бе ту дар тӯю тамошоҳо шудам,
Бе ту гоҳо булбули гӯё шудам,
Бе ту дар васфи занон гуфтам сухан,
Бе ту дар маҷлис фушурдам дасти зан,
Лек дар пеши назар рӯи ту буд,
Ҷилваҳои чашму абрӯи ту буд.
Ҷони ширин,пас дигар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун,
Нестам мисли падарҳои дигар
Дар бари фарзандҳо шому саҳар,
Чор гардад чашми онҳо дар раҳам,
Гум занад дилҳои онҳо дам ба дам.


Тоҷикистон


бо забонҳои дигар


aa - ab - af - ak - als - am - an - ang - ar - arc - as - ast - av - ay - az - ba - bar - bat_smg - bcl - be - be_x_old - bg - bh - bi - bm - bn - bo - bpy - br - bs - bug - bxr - ca - cbk_zam - cdo - ce - ceb - ch - cho - chr - chy - co - cr - crh - cs - csb - cu - cv - cy - da - de - diq - dsb - dv - dz - ee - el - eml - en - eo - es - et - eu - ext - fa - ff - fi - fiu_vro - fj - fo - fr - frp - fur - fy - ga - gan - gd - gl - glk - gn - got - gu - gv - ha - hak - haw - he - hi - hif - ho - hr - hsb - ht - hu - hy - hz - ia - id - ie - ig - ii - ik - ilo - io - is - it - iu - ja - jbo - jv - ka - kaa - kab - kg - ki - kj - kk - kl - km - kn - ko - kr - ks - ksh - ku - kv - kw - ky - la - lad - lb - lbe - lg - li - lij - lmo - ln - lo - lt - lv - map_bms - mdf - mg - mh - mi - mk - ml - mn - mo - mr - mt - mus - my - myv - mzn - na - nah - nap - nds - nds_nl - ne - new - ng - nl - nn - no - nov - nrm - nv - ny - oc - om - or - os - pa - pag - pam - pap - pdc - pi - pih - pl - pms - ps - pt - qu - quality - rm - rmy - rn - ro - roa_rup - roa_tara - ru - rw - sa - sah - sc - scn - sco - sd - se - sg - sh - si - simple - sk - sl - sm - sn - so - sr - srn - ss - st - stq - su - sv - sw - szl - ta - te - tet - tg - th - ti - tk - tl - tlh - tn - to - tpi - tr - ts - tt - tum - tw - ty - udm - ug - uk - ur - uz - ve - vec - vi - vls - vo - wa - war - wo - wuu - xal - xh - yi - yo - za - zea - zh - zh_classical - zh_min_nan - zh_yue - zu -