Маълумот дар бораи Мадаминбе
Аз Википедиа
Маълумот дар бораи Мадаминбе (1889, вилояти Фарғона - 1920), қурбошии босмачиёни водии Фаргона. Аз оилаи савдогар. Барои куштани зане ба муддати 14 сол бадарға карда шуда буд. Баъд аз бадарга баргаштан (1917) комиссари харбии вилояти Фаргона, сардори Хукумати муваккатии Фаргона, сардори шуъбаи милисаи шахри Маргелон. Тобистони соли 1918 ба Хокимияти Шурави хиёнат карда, бо отряди милиса ба тарафи босмачиён гузашт. Дар водии Фаргона худро хомии дини Ислом эълон карда, одамони мутаассиб ва хурофотпарастро дар атрофаш чамъ намуд. Дастаи Мадаминбек бо дастахои кулакхо ва Эргашкурбоши хамрох шуда, бо дастгирии империалистони англис ва сафедгвардиячиёни рус бар зидди Хокимияти Шурави мубориза бурд. Мадаминбек ба Хукумати Англия мурочиат намуд, ки Туркистонро зери химояи худ гирад. Лекин дастгирии пурра надида, пас аз музокираи якмоха бо раиси Кумитаи инкилобии Фаргона Н.Хучаев ва командири бригада Э. Кужело 5 марти соли 1920 бо 500 нафар ба тарафи Хокимияти Шурави гузашт. Дере нагузашта аз тарафи Куришермат кушта шуд.