Китобхонаи Британия
Аз Википедиа
Китобхонаи Британия (англисӣ: The British Library) то соли 1973 Китобхонаи Осорхонаи Британия (The British Museum Library) ном дошт, китобхонаи калонтарини дуньё, ки дар Подшоҳии Муттаҳида, Лондон аст.
Баробари китобҳои чопӣ ва дастнависҳо ба забонҳои аврупоӣ ва дигар забонҳои дуньё дар Китобхонаи Британия дастнависҳои зиёде ба забони форсӣ (тоҷикӣ) вуҷуд доранд. Соли 1867 дар ин китобхона Шӯъбаи дастнависҳои шарқӣ ташкил карда шуд. Нахустин китобдори ин шӯъба Ч. Рё таъин гардид. Дастнависҳои форсӣ (тоҷикӣ) асосан дар асри 19 ҷамъоварӣ шудаанд. Феҳристи ин дастнависҳоро Дункан Форбс (соли 1849 ба кор шурӯъ кард) ва Ч. Рё тартиб додаанд.