Web Analytics Made Easy - Statcounter

See also ebooksgratis.com: no banners, no cookies, totally FREE.

CLASSICISTRANIERI HOME PAGE - YOUTUBE CHANNEL
Privacy Policy Cookie Policy Terms and Conditions
Зиёуддини Хуҷандӣ - Википедиа

Зиёуддини Хуҷандӣ

Аз Википедиа

Зиёуддини Хуҷандӣ - Хоҷа Зиёуддин бинни Хоҷа Ҷалолиддин Масъуди Хуҷандӣ машҳур ба Зиёуддин Форсӣ дар Хуҷанд ба дунё омада, соли 622 ҳиҷрӣ (1225 милодй ) дар Ҳирот вафот кардааст. Вай марди донишманд ва шогирди Имом Фахриддин Розӣ буда, ба китоби «Ал махсуд»-и ӯ шарҳ навишта будааст. Зиёуддини Хуҷандӣ ба Шамсиддин Хоҷа мушоира дошта, дар сарчашмаҳои адабӣ ашьори ин ду шоир махлут шудааст. Зиёуддини Хуҷандӣ аслан соҳиби девони ашъор бошад ҳам, девони ӯ то замони мо омада нарасидааст.

[вироиш] АЗ ҚАСОИД

Эй шакар пеши лабат аз дури тар хандидан Рухро таьна занад лаьли ту дар хандидан Пешаи сунбули ту гарди абир афшондан Одати пистаи ту тунги шакар хандидан. Дил рабояд сари зулфи ту ба хар хандидан Чон физояд лаби лаьли ту ба хар хандидан. То набинӣ рухи зар ҳеҷ нахандӣ, оре, Ҳаст гулро ҳама аз шодии зар хандидан Чун бихандӣ, сӯйи ту халқ аз он менигарад Ки надидаст кас аз шамсу камар хандидан Гирьяву зорию андуху фироқу ғаму дард Ҳама дорам зи фироқи ту, магар хандидан Ба ҷафои ту бихандам, ки ба вақти мотам Написанданд ҳам аз ақлу ҳунар хандидан Аз ғами туст ҳамеша забару зерии ман, Пас чаро бар мани бе зеру забар хандидан? Мардум аз шакли даҳонад ба ҷи будӣ огоҳ. Гар надодӣ зи даҳони ту хабар хандидан. Шояд аз тоҷу зи чатри малик омӯхтаанд Зулфу рухсори ту хар шому саҳар хандидан

  • * * * * * * * * * * * * * * *

Заррин шуд, эй аҷаб ҳама атрофи бӯстон, Навье зи кимиёст магар боди меҳргон. Барги турунҷ шуд ивази барги шанбалид, Шохи дарахт шуд, бадали шохи заьфарон, Гӯй, ҳар он қасида, ки булбул баҳор гуфт, Бодаш ба зар навишта бар авроқи бӯстон. Гар нордона маскани сафрост, пас чаро Сафрои боғ рафь нагардад ба нардон? Он фасли хуш гузашт, ки андар миёни боғ Чун рӯйи дӯст хирмани гул буд бекарон. Имрӯз нест аз ҳама гулҳо ба боғу роғ Чуз ашки душмани шахи содот арғувон…


Туӣ, ки акси рухат тоби офтоб гирифт, Насими турраи ту бӯйи мушки ноб гирифт. Синони чашми ту миррихро ба захм афганд, Каманди зулфи ту хуршедро ба тоб гирифт. Зи ахтарон ба адад омаданд афзунтар, Чу ошиқони туро осмон ҳисоб гирифт. Ба зӯҳди беш касеро намегирояд дил Аз он замон, ки лабат гунаи шароб гирифт. Замона бе гули рухсори ту зи дидаи ман Ҳамон гирифт, ки аз дидаи саҳоб гирифт. Кадом хок ба сар баркунам зи ҳиҷронат, Зи чашми ман ҳама рӯйи замин чу об гирифт. Чи гунна ояд дар чашми ман аз ин пас хоб, Хаёли ту чу дар ӯ ҷойгаҳи хоб гирифт. Ба роҳи ишқи ту мискин дилам чу ком наёфт, Раҳи санои шаҳаншоҳи комёб гирифт…


Эй он ки дил зи чеҳри ту сар бар намекунад, Як зарра аз ҳавои ту камтар намекунад. Дар коми дил, ки заҳр ба ёдат хӯрад чу нӯш Он мекунад ғами ту, ки шаккар намекунад. Дил ҳар замон дар оби фано бод ғарқтар, Гар хок аз фироқи ту бар сар намекунад. Бар тару хушки олами хунрез кас намонд, К-аз ҳасрати ту чеҳра ба хун тар намекунад. Як дам куҷо, ки фоли ҷаҳонро ҷамоли ту, Маймун чу рӯйи шоҳи музаффар намекунад?


Биё, ки рози дили ғунча бод расво кард, Расид булбули асрори ишқ пайдо кард. Зи лола абр басе лӯъбатони чобук сохт, Зи ғунча бод басе дилбарони раъно кард. Саҳоб чашми ҳаворо чу чашми Вомиқ сохт, Баҳор рӯйи заминро чу рӯйи Узро кард. Зи баҳри қумрии инҷилхон сабо дар боғ Зи шохи сарв ҳама сурати чалипо кард. Ба хатти сабз мисоле ба подшоҳии гул Фалак навишту зи қадди бунафша туғро кард. Агар зи чарх сурайё ниҳон шуд, инак бод Зи барги настаран офоқ пурсурайё кард. Сабост ҳамдами Исо, ки чашми наргисро Нахаст бор, ки дам барфиганд, бино кард. Ҷаҳони пири куҳангаштаро фалак аз нав Ба сони давлати султони даҳр барно кард.


Кор уфтода бе ту маро бо гиристан, Айб аст, айб дар ғами ту ногистан. На ҳиллае зи сӯзи ту, илло гудохтан, На чорае зи дарди ту, илло гиристан. Шаб то ба руз кори ману рӯз то ба шаб Нолидан аст аз ғами ту ё гиристан. Азбаски ранҷу ғуссаву хуни ҷигар кашид, Осоиш аст дидаи моро гиристан. Онро ки доғи фурқати маъшуқ дар дил аст, Осон бувад зи ҳар мижа дарё гиристан. Дерест, к-абри дидаам оташнисори туст, То бар сарам чӣ ояд аз ин ногистан. Моро ба давлати ғами ишқи ту ҳар замон Сад гуна меҳнат аст на танҳо гиристан. Зебоиест дар ту, ки ояд ба ёди ту, Аз чашми ошиқони ту зебо гиристан. Аз рӯзгор ваъда маро дар фироқи туст, Имрӯз ғусса хурдану фардо гиристан.

[вироиш] Қитъа

Умрест ёр бо ман агар ҷуз вафо накард, Узраш пазир, умр чи бо касс накард. Гуфто баҳои бӯсаи ман деҳ ҳазор чон, Ин ҳам зи лутфи ӯст, ки чандон баҳо накард.


aa - ab - af - ak - als - am - an - ang - ar - arc - as - ast - av - ay - az - ba - bar - bat_smg - bcl - be - be_x_old - bg - bh - bi - bm - bn - bo - bpy - br - bs - bug - bxr - ca - cbk_zam - cdo - ce - ceb - ch - cho - chr - chy - co - cr - crh - cs - csb - cu - cv - cy - da - de - diq - dsb - dv - dz - ee - el - eml - en - eo - es - et - eu - ext - fa - ff - fi - fiu_vro - fj - fo - fr - frp - fur - fy - ga - gan - gd - gl - glk - gn - got - gu - gv - ha - hak - haw - he - hi - hif - ho - hr - hsb - ht - hu - hy - hz - ia - id - ie - ig - ii - ik - ilo - io - is - it - iu - ja - jbo - jv - ka - kaa - kab - kg - ki - kj - kk - kl - km - kn - ko - kr - ks - ksh - ku - kv - kw - ky - la - lad - lb - lbe - lg - li - lij - lmo - ln - lo - lt - lv - map_bms - mdf - mg - mh - mi - mk - ml - mn - mo - mr - mt - mus - my - myv - mzn - na - nah - nap - nds - nds_nl - ne - new - ng - nl - nn - no - nov - nrm - nv - ny - oc - om - or - os - pa - pag - pam - pap - pdc - pi - pih - pl - pms - ps - pt - qu - quality - rm - rmy - rn - ro - roa_rup - roa_tara - ru - rw - sa - sah - sc - scn - sco - sd - se - sg - sh - si - simple - sk - sl - sm - sn - so - sr - srn - ss - st - stq - su - sv - sw - szl - ta - te - tet - tg - th - ti - tk - tl - tlh - tn - to - tpi - tr - ts - tt - tum - tw - ty - udm - ug - uk - ur - uz - ve - vec - vi - vls - vo - wa - war - wo - wuu - xal - xh - yi - yo - za - zea - zh - zh_classical - zh_min_nan - zh_yue - zu -