Википедиа:Википедиа чи нист
Аз Википедиа
Википедиа як донишнома аст. Онро бо мавриде, ки дар зер меоянд, иштибоҳ нагиред.
Мундариҷа |
[вироиш] Википедиа чи чизе нест
[вироиш] Википедиа як вожанома нест
Википедиа як вожанома (луғат) нест. Мақолаҳои шумо бояд донишномаписанд (энсиклопедӣ) бошанд ва мақолаҳое, ки танҳо шомили маънии як вожа (калима) бошанд, бояд ба Викивожа гузаронида шаванд.
[вироиш] Википедиа донишномае бар рӯйи коғаз нест
Википедиа донишномае бар рӯйи коғаз нест ва маҳдудияте барои мавзӯъоте, ки метавонанд пӯшиш диҳанд, надорем.
[вироиш] Википедиа ношири андешаҳои дасти-авал нест
Википедиа ношири андешаҳои дасти-авал нест, яъне ихтироъот ва навовариҳо ва таҳқиқоти дасти-авале ки дар як ҷойи муътабар чоп нашудаанд, набояд дар Википедиа биёянд. Ҳамчунин саҳифаҳои баҳси Википедиа як толори баҳс набуда, танҳо ҷои барои ҳамоҳангии бештар барои корбарони Википедиа дар чаҳорчӯби сиёсатҳои Википедиа аст.
[вироиш] Википедиа як ҷойгоҳ барои суханронӣ нест
Википедиа як ҷойгоҳ барои суханронӣ нест ва аз он барои таблиғот ё баёни назароти худ истифода накунед.
[вироиш] Википедиа феҳристи аз иттилоъоти мухталиф нист
Википедиа феҳристи аз иттилоъоти мухталиф нист. Ҳамчинин Википедиа як нашрияи зард нист ва набояд нишонӣи миҳмонсароҳо ва шумора тилифунҳо ва нақли қавлҳойи афроди мухталиф нист.
[вироиш] Википедиа сонсур надорад
Википедиа сонсур надорад. Ҳарчанд бояд аз навиштани матолиби тавҳиномез бепарҳезед.(Википедиа:Ҳамлаи шахсӣ-ро бихонед.)
[вироиш] Википедиа ҷойи ҳамаи иттилооти башарӣ нест
Танҳо бояд матолибе дар мақолаҳо биёянд, ки шойистагии он мақоларо дошта бошанд ва ҳар матлаберо ки ба мақола марбут бошад, наметавон дар мақола овард.
[вироиш] Ҷомеаи Википедиа чӣ нест
- Википедиа майдони ҷанг нест.
- Википедиа беқонун нест.
- Википедиа ҷойе барои тамрини мардумсолорӣ(демократия) нест.
- Википедиа як идораи давлатӣ нест.
[вироиш] Вақте ки мемонед чи кунед
Вақте ки мемонед чӣ кунед, аз худ бипурсед, ки касе, ки мехоҳад матолиби шуморо бихонад аз хондани ин донишнома чӣ интизорӣ дорад ва навиштаҳоятонро бар он асос бинависед.