Аҷай Девган
Аз Википедиа
विशाल देवगन وِشال دیوگن Аҷай Девган |
|
---|---|
Зодаи | 2 апрел, 1967 |
Аҷай Девган (ҳиндӣ: विशाल देवगन, урду: وِشال دیوگن) (2 апрел, 1967 — ) дар оилаи коргардон Виру Девган ба дунё омадааст. Падараш аз солҳои хурдии писараш дарк карда буд, ки ӯ дар оянда ҳунарпеша хоҳад шуд. Аз ин шавқи беандозаи кӯдак ба видеокамера шаҳодат медод. Ва дар ҳақиқат ҳам ӯ дар синамо овозадор гардид. Имрӯз ӯро дар синамои Ҳинд ҳамчун ягона вориси Амитабх Баччан, ки нақшҳои манфиро хуб офарида метавонад, мешиносанд.
Филми аввалин бо иштироки ӯ филми «Phool Aur Kaante» буд. Дар ин филм ӯ ба ду мотосикл дар як вақт савор шуда, ҳамагонро ба ҳайрат овард ва дар хотирҳо ҷой гирифт.
Баъд аз ин Аҷай Девган дар чандин нақшҳои манфиву мусбат бозӣ карда, санъати худро такмил медиҳад. Ӯ дар филмҳои «Ҷигар» (1992), «Divyashakti» (1993), «Hulchul» (1995). Оҳиста – оҳиста ӯ бештар дар нақшҳои хуб бозӣ мекард (мазҳакаи «Ишқ» ва романси «Pyaar To Hona Hi»). Аҷай дар ин филмҳо бо завҷаи ояндааш Каҷол нақшофаринӣ кард.
Нақшҳои минбаъдааш Аҷайро боз ҳам машҳуртар карданд, ҳарчанд ки дар ин давра баъзе филмҳо бо иштироки ӯ ба нокомӣ дучор гардиданд. (масалан филми «Thakshak» (1999, коргардон Говинд Ниҳолонӣ)) Дар охири солҳои 90-ум Аҷай Девганро аллакай натанҳо дар Ҳиндустон, балки дар тамоми ҷаҳон мешинохтанд.
Аҷай Девган ба ҳунарпешаи машҳур Каҷол хонадор буда, соҳиби фарзанд мебошад.