Тоҷикон
Аз Википедиа
Тоҷикон Тоҷикон |
|
---|---|
Тамоми аҳолӣ | |
Маҳаллаҳое бо шумораи бисёри аҳолӣ | Тоҷикистон |
Забон | забони тоҷикӣ |
Дин | Ислом |
Тоҷикон, миллат, аҳолии асосии Тоҷикистон, тақрибан 4 млн. нафар.
[вироиш] Тоҷикон аз нигоҳи олимон
Лафзи тоҷик ё тоҷак ё тожик лафзест қадимӣ, ки ба мардуми ориён ё Эрони куҳан ва ё Хуросони бузург таалуқ дорад. Нависандаи дигар гӯяд: Тоҷик шакли миёнаи калимаи ориёии тоифае аст. Эн Ханков мегӯяд, ки ин ном аз тариқи тоҷи—дарӣ гирифта шудааст ва изофа мекунад, ки Зардушт тоҷро монанди салиби муслимин ҳамчун аломат истифода мекард ва лафзи тоҷик аз калимаи тоҷ, ки зиннати сар аст, гирифта шудааст. Хенри Фейлд баҳси тоҷик ( тожик, тоҷи, тоҷик)-ро чунин фушурда месозад:
- Тоҷикон асри ҳозир мардуме ҳастанд, ки бо хушсимои маъруфанд, қиёфаи ҷиддӣ, абрувони мушаххоси мушкӣ ва чашмони ғизолӣ доранд. Тоҷикон дар воқеъ мардуми
- машҳуранд, ки на танҳо дар сар то сари Машриқзамин, балки дар тамоми олам сукунат доранд ва то кӯҳҳои Тибет пахш шудаанд.
- Хамаи форсизабонони Афғонистон ба лафзи тоҷикӣ ҳарф мезананд.
- Тоҷиконе, ки дар марзи Шарқии Эрон, Хуросон, Афғонистон ва Форс зиндагӣ доранд, ба лафзу симои тоҷикон дохиланд.
- Вилояти Ҳирот дар тасарруфи тоҷикони ориён аст.
- Дар Эрон ду гурӯҳи бузургнажоде вуҷуд дорад, яке тоҷикони навъи қадим, ки соли 640 ба Ҳиндустон рафтанд ва дигаре Эрониёнанд. Тоҷикони дашти моҳрутар ва сафедтар аз тоҷикони куҳистони ҳастанд. Бояд ёдовар шуд, ки калимаи тоҷикро чунин афрод озода, озодзодагон гӯянд.
Садриддин Айнӣ маънои калимаи «тоҷик»-ро хеле муфассал ва аз ҷиҳати таърихи ва забоншиносӣ – этимологӣ таҳлил мекунад ва исбот менамояд, ки калимаи «тоҷик» аз «тоҷ» аст.
Дурустии ин сӯханро нависанда ва олими Эронӣ Алиакбар Деҳхудо тасдиқ мекунад. Асли ин калимаи паҳлавии «ТОҶИК» мансуб ба кабилаи «тоҷ» аст, ки аз қабилаи Эрон буда:
Халқи тоҷик дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи худ басо фарозу фуруди рузгорро дида аст. Тоҷикон аз асрҳои миёна инҷониб дар зери ҳокимияти сулолаҳои сершумори тоҷик зиндагӣ кардаанд ва оҳиста – оҳиста баъзе калимаҳои забони тоҷикиро пазируфтаанд. Хушбахтона халқи баору номуси тоҷик ба оламиён тоҷики тоҷдор будани худро ба фарҳангу маданияти худ исбот кардааст.